ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ФИЗИКИЮ МАТЕМАТИКӢ

Февраль 3, 2009 13:41

                  Душанбе, 3 феврал. АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина ). — Дар шаҳри Алмаато олимпиадаи физикию математикии наврасон анҷом ёфт. Дар он аз Тоҷикистон 14 талабаи гимназия — интернати муштараки Тоҷикистону Русия ва Маркази ҷумҳуриявии бачагони боистеъдод ширкат варзиданд. Директори гимназияи мазкур Абдуфаттоҳ Ҳотамов зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» зикр намуд, ки талабагони тоҷик дар ин олимпиада ширкат варзида, натиҷаҳои назаррас ба даст оварда натавонистанд. Ба қавли ӯ, бисёр талабагони тоҷик дар арафаи олимпиада шамол хӯрда, бемор шуданд.                  Хабар дода мешавад, ки аз рӯи натиҷаҳои олимпиада ҷои аввалро талабагони гимназияи назди Д,онишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.Ломоносов соҳиб гардиданд. Талабаи синфи 11 — уми гимназия — интернати муштараки Тоҷикистону Русия Олимҷони Пираҳмад дар олимпиада медали биринҷӣ ба даст овард.

Февраль 3, 2009 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад