ӮЗБЕКИСТОН ТАЙЁР АСТ БА СОХТМОНИ РОҒУН ШИРКАТ НАМОЯД
Душанбе, 17 феврал. АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов дар маҷлиси ҳукумат бахшида ба натиҷаҳои пешрафти иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар соли 2008 ва муайян намудани вазифаҳои муҳимтарини иқтисодии соли 2009 зикр кард, ки Ӯзбекистон дар суръати таҳқиқи ҳамаҷонибаи техникию иқтисодӣ ва экологии мустақили байналмилалӣ ва ба маълумоти тарафҳои манфиатдор расондани маълумоти пурра тайёр аст, ба сохтмони иншоотҳои энергетикии Тоҷикистону Қирғизистон маблағ гузорад. Дар ин бора агентии иттилоотии Регниум хабар дод. Ба қавли Президенти Ӯзбекистон, давлатҳои ҳамсоя ният доранд, ки дар болооби дарёҳои Ому, Сир ва Зарафшон нерӯгоҳҳои барқи обӣ созанд. Нерӯгоҳҳои барқи обии Қамбарато дар Қирғизистон ва Роғун дар Тоҷикистон аз ҳамин ҷумла мебошанд. «Агар маҷрои об дар мамлакатҳои поёноб кам нашавад ва амнияти экологии минтақа халалдор нагардад, Ӯзбекистон тайёр аст ба сохтмони ин иншоотҳо дар мамлакатҳои ҳамсоя маблағ гузорад. Вале дар ин маврид, ин мамлакатҳо таҳти васояти СММ бояд лоиҳаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои барқиро аз ташхиси ҳамаҷонибаи байналхалқию мустақили техникию иқтисодӣ ва экологӣ гузаронида, дар бораи натиҷаҳои он хабар диҳанд», — гуфт Президенти Ӯзбекистон. Дар вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шарҳи ин хабар худдорӣ намуданд. Бо вуҷуди ин хабар дода шуд, ки 18 феврал ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои мулоқот бо роҳбарияти Тоҷикистон ба Душанбе ташриф меорад. Баъд маҷлиси комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор хоҳад гашт. Дар маҷлис масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои обу энергетика, нақлиёт, аз ҷумла, рафту омади воситаҳои нақлиёти автомобил, роҳи оҳан, парвози ҳавопаймоҳо, муқаррар кардан ва қонунӣ гардонидани сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ҳамкории ҳар ду кишвар дар соҳаҳои геология, экология ва транзити қувваи барқи Туркманистон ба Тоҷикистон ба воситаи системаи энергетикии Ӯзбекистон муҳокима карда мешаванд.Тибқи нақша, дар фарҷоми маҷлис баъзе ҳуҷҷатҳо имзо карда хоҳанд шуд. Тарҷумон — Қудратов А.








Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид






