21 ФЕВРАЛ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

Февраль 21, 2009 10:40

                    Коберидзе: «350 ибора тоҷикону гурҷиҳоро қарин гардонидааст»                     Душанбе, 21 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҳамасола 21 феврал дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии забони модарӣ таҷлил карда мешавад. Ҳанӯз 10 сол муқаддам, аниқтараш 21 феврали соли 1999 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қарор қабул кард, ки тибқи он ҳар сол дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии забони модарӣ таҷлил мегардад.                     Дар робита ба ин сана дар Душанбе таҳти унвони «Нақши Абӯабдулло Рӯдакӣ дар рушди забони модарӣ ва адабиёт» конфронси илмӣ баргузор гардид. Ин чорабинии фарҳангӣ бо ибтикори Комиссияи миллии ЮНЕСКО дар Тоҷикистон ва намояндагони ақаллиятҳои миллии муқими Тоҷикистон ташкил карда шуд.                    Иштирокчиёни конфронси илмӣ директори Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Кароматулло Олимов, Раиси ҷамъияти «Пайванд» Исомиддин Салоҳиддинов, раиси ҷамъиятҳои миллии кореягиҳо Виктор Ким, гурҷиҳо Шалва Коберидзе ва дигар намояндагони ақалиятҳои миллӣ роҷеъ ба нақши устод Абӯабдулло Рӯдакӣ дар ташакули забон ва адабиёти халқҳои ҷаҳон ибрози назар карданд. Зикр шуд, ки бо гузашти беш аз 1000 сол осори Одамушшуарро Абуабдулло Рӯдакӣ арзиш ва асолати беназири худро гум накардааст. Осори оламшумули шоири тавонои тоҷик дар густариши забон ва адабиёти халқҳои гуногуни ҷаҳон нақши бузург дорад. Ба андешаи роҳбари ҷамъияти гурҷиҳои Тоҷикистон Шалва Коберидзе ашъори нотакрор ва ҷаззоби Рӯдакӣ дар рушди адабиёти халқи гурҷӣ низ таъсири ҷиддӣ гузоштааст. Ин аст, ки ашъори Абӯабдулло  Рӯдакӣ ва Шота Руставели мисоли барҷастаи рушди тамаддунҳои халқҳои ҷаҳон, бахусус тоҷику гурҷиҳо мебошад.  Шалва Коберидзе мегӯяд, ки беш аз 350 ибора вуҷуд дорад, ки халқҳои тоҷику гурҷӣ аз он истифода менамоянд. Он ифодагари таъсири ашъори безаволи устод Абӯабдулло Рӯдакӣ ба дигар адабиёти халқҳои ҷаҳон аст.                    Дар анҷоми конфронс насли навраси ақалиятҳои миллии муқими Тоҷикистон бо забони модариашон аз ашъори безаволи Одамушшуарро Абӯабдулло Рӯдакӣ порчаҳои шеърӣ қироат карданд.

Февраль 21, 2009 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд