А. НАСРИДДИНОВ: «ТАРТИБ ДОДАНИ ХАРИТАИ ТОПОГРАФИИ ПОЙТАХТ ЗУРУР АСТ»

Февраль 18, 2009 15:42

                     Душанбе, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Кумитаи омори шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии аэрогеодезии пойтахт ният доранд, то моҳи маи соли ҷорӣ нақшаҳои схематикиро, ки барои гузаронидани чорабиниии муҳими давлатӣ ба монанди барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010 зарур аст, тайёр намоянд. Тавре ба АМИТ «Ховар», раиси Кумитаи омори шаҳри Душанбе Асомиддин Насриддинов хабар дод, барои тайёр намудани маводҳои картографӣ ва нақшаҳои схематикӣ аз буҷети пойтахт ба суратҳисоби КВД аэрогеодезии Душанбе маблағи 456126 сомонӣ гузаронида шудааст.                     -Мавриди зикр аст, — қайд намуд А. Насриддинов, ки аз сабаби ба вуҷуд омадани дигаргуниҳои солҳои охир дар бахши сохтмон ва комуникатсия ба ғайр аз нақшаҳои схематикӣ, тартиб додани харитаи топографии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он низ лозим аст. Барои тайёр намудани чунин харитаҳо бо масштаби 1:5000 ва 1: 10000 маблағи 270281 пешбинӣ шудааст.

Февраль 18, 2009 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд