АФСАРОНИ ҶАВОН ДАР НАЗДИ МУҶАССАМАИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ САВГАНД ЁД МЕКУНАНД

Февраль 21, 2009 11:07

                   Душанбе, 21 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 22 феврал дар арафаи 16-умин солгарди таъсисёбии Артиши милии Тоҷикистон дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт маросими тантанавии савгандёдкунии афсарони ҷавони Гвардияи Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.                   Дар робита Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар асоси муроҷиати Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷозат барои гузаронидани чорабинии тантанавии савгандёдкунии афсарони ҷавони Гвардияи миллӣ дар майдони «Дӯстӣ» қарор имзо кард.                  Дар асоси ин қарор 22 феврал аз соати 9 то 12 дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт чорабинии савгандёдкунии афсарони ҷавони Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.                  Ҳамзамон, Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ва Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳри Душанбе мувазззаф гардидаанд, ки ҳаракати пиёдагардонро дар майдони «Дӯстӣ» дар вақти баргузории чорбинӣ маҳдуд намуда, тартиботи ҷамъияӣ ва амнияти иштирокчиёни чорабиниро таъмин намоянд.

Февраль 21, 2009 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд