АФЗОИШИ ШУМОРАИ БЕКОРОН БАР АСАРИ БӮҲРОНИ ҶАҲОНИИ ИҚТИСОДӢ

Февраль 26, 2009 10:41

                Душанбе, 26 феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 24 феврал дар Женева бахшида ба оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳони молиявӣ ва бар асари он афзудани шумораи бекорон дар саросари ҷаҳон мулоқоти байналхалқӣ баргузор гардид. Дар мулоқот бештар аз сад нафар намояндагони ҳукуматҳо, иттифоқҳои касаба ва корфармоёни мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон ширкат варзиданд. Дар ҷараёни мулоқот маърӯзаи Созмони байналхалқии меҳнат муҳокима карда шуд.               Дар маърӯза гуфта мешавад, ки дар натиҷаи бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ дар давоми як соли охир қариб 20 миллион нафар бекор монд. Дар байни бекорон шумораи кормандони муассисаҳои молиявӣ хеле зиёданд.               Иштирокчиёни мулоқот тадбирҳоеро баррасӣ намуданд, ки ба бартараф сохтани оқибатҳои бӯҳрони иқтисодӣ дар мамлакатҳои ҷаҳон мусоидат мекунанд. Онҳо ҳукумати мамлакатҳоро даъват карданд, ки барои пешгирии оқибатҳои ногувори бӯҳрон барномаҳои миллӣ тартиб дода, ба мутахассисон касбҳои дигарро омӯхта, шумораи бекоронро то ҳадди имкон кам кунанд.

Февраль 26, 2009 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад