АНДЕШАҲО ДАР АТРОФИ «КАҲДУДИ СӮЗОН»
Душанбе, 4 феврал. (АМИТ«Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон китоби нави нависандаи тоҷик Саидаҳмад Зардон таҳти унвони «Каҳдуди сӯзон» муаррифӣ гардид. Дар он аҳли илму адаби ҷумҳурӣ ва ёру дӯстони нависанда иштирок намуда, доир ба китоби мазкур андешаронӣ намуданд. «Каҳдуди сӯзон»- дар жанри роман навишта шуда, дар бораи воқеаҳои солҳои 90-ум, оворагардӣ, сарсонию саргардонии мардуми тоҷик баъди ҷанги шаҳрвандӣ ҳикоят мекунад. С. Зардон аслан ҳаҷвнигор буда, дар ин жанр роману ҳикояҳои зиёд навиштааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад






