АЗ ВАЪДАБОЗҲО ҲАМ ПУРСИДА ШАВАД
Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҳанӯз моҳи майи соли гузашта дар чанд рӯзномаҳои давлатию ғайридавлатӣ оид ба масъалаҳои замистонгузаронӣ аз ҷаласаҳои шаҳрдорӣ маводҳои зиёде нашр шуда буд ва ин мавзӯъҳоро саривақтӣ донистем,-мегӯянд сокинони чанд маҳаллае, ки имрӯз нафақат барқро тариқи «лимит» ҳам намегиранд, балки оби гарму хунукро аз бухори Маркази гармидиҳи (ТЭС)-и шаҳру оби хунукро аз қубурҳои кафидаи Идораи обу корез ҷорӣ шуда дида, ангушти ҳайрат мегазанд. -Охир ҳайратовараш он аст, ки,- мегӯянд сокинони ноҳияи Фирдавсӣ, бо гузашти сари ҳар чанд вақт, тавассути радиою телевизион аз надоштани маводи иттилоотӣ бошад ё фармоишӣ, ки наттоқонашон:- «Дар ҷаласаи шаҳрдорӣ таъкид гардид, ки имсол ба сокинони шаҳр хидматрасонии маишӣ рӯ ба беҳбудӣ оварда, мардум бо оби ошомиданӣ ва оби гарм дар мавсими тирамоҳу зимистон бе таъхир таъмин мегарданд»-ро такрор ба такрор мехонанд. -Мутаассифона аз ибтидои соли ҷорӣ низ чун солҳои пеш ба ҷуз ваъда чизи дигареро надидем,- мегӯянд сокинони маҳаллаҳои 103- 104 ва назди вокзали шаҳри Душанбе. -Ҳоло мутасаддиёни ваъдабози шаҳрдорӣ тибқи Фармони Президенти кишвар «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии васоити ахбори омма» чӣ гунна вокуниш мекарда бошанд, инаш бароямон аҷибтар хоҳад буд,-афзуданд онҳо дар ин як сӯҳбати сарироҳӣ ба мухбири АМИТ «Ховар».








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






