БА ТОҶИКИСТОН КӮМАК РАСОНИДА МЕШАВАД
Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти намояндаи ташкилоти озуқа ва кишоварзӣ(ФАО)-и Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, ба хотири мусоидат дар рафъи норасоии маводи ғизоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифта шудааст, ки барои 2 миллион аҳолии камбизоати Тоҷикистон беш аз 91 ҳазор тонна маводи ғизоӣ аз ҷониби ташкилоти мазкур ворид карда шавад. Тавассути ин ташкилоти байналмилалӣ 4,7 миллион доллари амрикоӣ, ки аз ҷониби давлати Ҷопон барои дастгирии аҳолии камбизоати Тоҷикистон ҷудо гардидааст, маводи ғизоӣ, аз ҷумла орд, равған, шакар ва ғайра харидорӣ ва дастраси мардуми камбизоти ҷумҳурӣ гардонида мешавад.








Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






