БАЙНИ ТОЧИКИСТОНУ РУСИЯ АЛОҚАИ МУСТАКИМ КУШОДА ШУД
Душанбе, 26 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Байни Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Россия алоқаи мустақим (горячая линия) барои ҳалли масъалаҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Федаретсияи Россия ба роҳ монда шуд. Ин иқдом бо дастгирии Хадамоти муҳоҷирати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Россия, дар асоси қарори ҷаласаи якҷояи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оиди сиёсати муҳоҷират дар назди Кумитаи интегратсионии Созмони ҳамкории иқтисодии Осиёву Аврупо (ЕврАзЭС) ва Шӯрои роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оиди масъалаҳои мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ки 30 январи соли 2009 дар шаҳри Москва баргузор гардид, роҳандозӣ шуд. Тибқи оморӣ расмии аз ҷониби Хадамоти федералии муҳоҷирати Федертсияи Россия пешниҳодшуда, танҳо дар давоми соли 2008 беш аз 1 миллиону 200 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ вориди Русия шудаанд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






