БАРДОШТАНИ ШИОРИ АБӮҲАНИФА ШИНОХТИ ФАРҲАНГИ МИЛЛИСТ

Февраль 5, 2009 10:26

                      Душанбе, 4 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Моҳи сентябри соли гузашта аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 Соли бузургдошти яке аз шахсиятҳои барҷастаи олами Ислом Имоми Аъзам эълон гардид.Соли Имоми Аъзам эълон гардидани соли 2009 чи паёмаде дорад дар рушди ҷомеаи дунявӣ, тақвияти пояҳои давлатдорӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон ва баланд гардидани эътибори ин кишвар дар арсаи байналмилалӣ? Бо ин ва дигар саволҳо муҳоварае оростаем бо ноиби раиси Шӯрои уламои ҷумҳурӣ Маъруф Раҳимов.                     Мӯҳтарам, Маъруф Раҳимов муҳимияти эълон гардидани Соли бузургдошти Имоми Аъзам дар чист? Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон кардани соли 2009 аз ҷониби Президенти кишвар фоли некест аз ҳуввияти миллӣ, фарҳангӣ ва хирадмандию иродаи бузурги сиёсии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон. Бояд суол кард, ки чӣ зарурат буд, ки дар як ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ба асосҳои мардумсолорӣ такя мекунад ин иқдомро пеша кардан? Ба ин масъала рӯ овардани Президенти Тоҷикистон эҳтиром нисбати арзишҳои фарҳангию динӣ ва мардумсолорӣ дар ҷомеаи кишвари мост. Зеро то ҷое мусаллам аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як шароите истиқлолият ба даст овард, ки дунёи мутамаддин таҳаввулоти бисёр амиқро аз сар мегузаронид. Дар тамоми соҳаҳо.  Миллатҳое, ки истиқлолияти миллиро дар асари ҳамин паёмадҳо, бар асари ҳамин таҳаввулоти бузурги фаннию моддӣ, ки ба даст оварданд, ба мушкилот мувоҷеҳ гардиданд. Ҷаноби Олӣ гуфтаанд, ки мо тараққиёти моддию дунявиро бе арзишҳои маънавӣ ҳеҷ гоҳ қабул карда наметавонем. Зеро миллатҳое, ки ба хотири рушди иқтисод саъю талош мекунанд, шаҳрвандони онҳо аз лиҳози ахлоқӣ ба мушкилот мувоҷеҳ ҳастанд. Ман дар назар дорам аз лиҳози нуқтаи назари тиббӣ, равонӣ, тарбияи ахлоқӣ. Дар ин замина аз ҷониби Президенти кишвар таҳлили дуруст ва саҳеҳ ба сомон расид ва гуфтаанд, ки мо дар масири рушду нумӯи тараққии миллӣ ва давлатдорӣ наметавонем, ки бе шинохти дурусти ҳуввияту асолати фарҳанги миллӣ пеш равем. Зеро яке аз самтҳои асосӣ ва роҳи рушди давлатдории миллии мо шинохти дурусти фарҳанги миллат аст. Фарҳанги миллат яке аз рукнҳои он дин аст.                      Ба ин хотир соли 2009-ро Президенти кишвар Соли бузургдошти Имоми Азам эълон карданд. Барои ҳар як фарди мусулмон, чӣ деҳкони оддӣ ва диндору мансабдор албатта рӯ овардан ба асолати миллӣ, яке аз унсурҳои шинохти инсонҳо ба ҳисоб меравад. Агар инсон дар ҳолати таҳаввулот худро нашиносад, хусусан дар шароити глобализатсияи ҷомеаи башарӣ, дар шароити сели ҳуҷуми фарҳангҳои гуногун ба болои миллати мо, агар мо дар ҳамин масир асолати миллии худро нигаҳ дошта натавонем мо мисли дигар миллатҳо асолати миллии худро аз даст медиҳем. Аз ҳамин нуктаи назар унсуре, ки аслан як миллатро дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд агар як тараф забон бошад, аз дигар ҷониб фарҳанг аст ва дин низ ҳамчун як рукни муҳими фарҳанги миллӣ дар рушди миллат нақши босазо дорад.                    Имоми Аъзам чи гуна шахсият аст? Нақши Имоми Аъзам дар ташаккули олами Ислом чи гуна аст? Асли Абу Ҳанифа Нӯъмон Собит Имоми Аъзам асосан аз тоҷикони Кобул аст. Бобоёни онҳо бар асари савдогарӣ ба диёри Араб кӯч бастанд. Баъзе маъхазҳо дар бораи асир афтодани бобои ӯ Марзбон, ки бо номи Имоми Аъзам Нуъмон будааст. Ривоят мекунанд, ки набераи ӯ Исмоил, яке аз қозиёни шаҳри Басра будааст ва гӯфтааст, ки мо форсизабонони асил будем. Ҳамзамон, мегӯянд, ки Имоми Аъзам яке аз қабилаи арабро дӯст гирифта буд. Яъне ғайриараб будани Имоми Аъзам ба хотири дӯстии ӯ бо қабилаи араб буданаш аст. Ба ҳамин хотир Имоми Аъзам зодаи шаҳри Куфаи Ироқ буда дар соли 80-и ҳиҷрӣ мутобиқ ба соли 699 мелодӣ ба дунё омадааст. Ҳазрати Имоми Аъзам Қуръонро дар пеши Осим ном қорӣ хатм кардааст. Осим яке аз 7 қории мӯътабар аст, ки дунёи ислом ба ҳамин 7 қорӣ қироаташ ба Пайғамбари Худо мерасад. Қуръони имрӯзае, ки дар тамоми дунё мунташир мешавад ба воситаи шогирди Осим Ҳафс дар дунё мураттаб шудааст. Аз 7 қории мураттабе, ки яке дар Мадина, дар Шом, дар Басра ва се нафари дигар дар шаҳри Куфа ҳаст, Осим аз зумраи ҳамин машҳуртарини қориҳо маҳсуб мешавад. Осим қироатро аз Абӯабдураҳмони Суламӣ, Абуабдураҳмони Суламӣ қироатро аз Ҳазрати Алӣ, Ҳазрати Умар гирифтаанд ва 40 сол дар масҷиди шаҳри Куфа таълими Қуръон додаанд, пеш аз Имоми Аъзам. Ҳазрати имом Ҳасан имом Ҳусейн дар назди Абуабдураҳмони Суламӣ қироати Қуръон ёд гирифтаанд бо ҳамроҳи Осим.                      Ин аз он бармеояд, ки маъхазҳои Қуръономӯзии Имоми Аъзам чӣ қадар дақиқ ва ба сатҳи донишмандони барҷастаи ислом аз нуқтаи назари донишҳои Қуръонӣ будааст. Аз нуқтаи назари фиқҳ, аз нуқтаи назари илмҳои ривоятӣ, яъне ҳадис Ҳазрати Имоми Аъзам донандаи ҳадис буданд, ҳадисҳои шаҳри худашонро ба пуррагӣ медонистанд. Инчунин, ба ҳадисҳои шаҳри Макка дар пеши Ато ибни Абӯрабоҳ, ки шогирди Абдуҳи Аббос, ки писарамаки Ҳазрати Расули Акрам аст ва беҳтарин донандагони Қуръони Кариманд ошно буд. Алҳол, марқади Имоми Аъзам дар шаҳри Бағдод побарҷост. Он чизе, ки баъзеҳо дар маълумот Хизрон мегӯянд ин гӯристонро ғалат аст. Шакли аслиаш Хайррӯзон аст. Хайррӯзон номи модари Ҳоруннаррашид аст. Дар асрҳои 6 яке аз ҳокимони ҳамон давра марқад сохта буд. Имоми Аъзам илмҳои ривоятиро омӯхта ниҳоят дар назди Ҳамуд ибни Абӯсулаймон ба фиқҳи аҳли Ироқ машғул мешавад. Ҳазрати Имом Аъзам коре, ки анҷом додаст, ҳамон китобҳое мебошад, ки аз шакли китобатӣ ба шакли тадвин дароварда, ба шакли мураттаби илмӣ ҷобаҷо кард. Китобҳоро зина ба зина тартиб дод. Аз масъалаҳои ибодатӣ -аз намоз, рӯза, ҳаҷ, закот ва масъалаҳои савдогарию боғдорӣ ва ғайраҳо. Нуқтаи назари исломиро ҳам дар масъалаи ҳуқуқи ибодат ва ҳам ҳуқуқи муомилот Ҳазрати Имоми Аъзам ҷо ба ҷо гузоштанд. Ана ҳаминро фиқҳ гуфтанд. Олимони ҳамон давра яъне донишмандони Маккаю Мадина , Басра, Шом, Миср аз ин равияи Имоми Аъзам пайравӣ карданд. Якумин китобе, ки дар ҳамин сатр навишта шуда буд, ин китоби осори Имоми Аъзам буд, ки бо ривояти 4 шогирди ӯ имрӯз дар худи муснадҳои Имоми Аъзам вуҷуд дорад.                         Нақши Имоми Аъзамро дар ташаккули маърифати инсонӣ чӣ тавр арзёбӣ менамоед? Бузургдошти Соли ин шахсияти бузург дар шароити фаъол гардидани баъзе ҷараёнҳои мазҳабӣ дар кишвар, бахсус «Салафия» ва ба ин ҷараён гаравидани бархе ҷавонон чӣ нақш мебозад?                         Нақши Имоми Аъзам дар таҳаввулоти ҷомеаи муосир, хусусан бахши ахлоқии ӯ дар рушди арзишҳои моддӣ ва маънавӣ аҳамият ва мақоми хоса дорад ва самтҳои гуногуни ҷомеаро муайян мекунад. Инҳо устувор ва мукаммал рушд кардани арзишҳои маънавӣ зеҳният, зарфияти фаъолияти динии инсонҳо аст, ки инсонҳо хушнуд бошанд ба асолати фарҳангӣ рӯ биёранд ва шинохти пешвоёни мазҳабист. Ин фазилатҳо имрӯз ба ҷавонон таъсири ҷиддӣ мерасонанд. Яъне омӯхтани таҷрибаи пешвоён ва дар рӯзгори кунунӣ амалӣ намудани кори неки онҳо -хайру саховат, хислатҳои неки онҳо. Зеро Имоми Аъзам як намунаи инсонҳои олӣ мебошад. Як инсоне, ки дар масири таърих онро миллион-миллионҳо нафар инсонҳо пайравӣ кардаанд. Донишу фиқҳи ӯ натанҳо дар як ҳавзаи маълумотҳо истифода мешавад, балки фаротар аз ин дар сатҳи сиёсатҳо, империяҳои бузург, хилофатҳои бузурги исломӣ онро амалан татбиқ кардаанд. Роҳи зиндагии худро аз роҳи донишҳое ки вобаста ба ҷамъиятшиносӣ ва дигар унсурҳои ҷамъиятӣ буд аз донишҳои ҳамон шахсият ва шогирдони ӯ дарёфтанд, яъне онҳо дар созандагии инсонҳо нақши аҷиб гузоштанд. Имрӯз ҷавонон метавонанд бо истифода ва омӯхтани таълимоти шахсияти бузург дар зиндагӣ ҳамчун инсони комил ва дурандешу хирадманд ба камол расанд. Арзишҳои инсонӣ ва маънавиро эҳтиром бикунанд дини худро пушти по назананд, думболи ҳавою ҳавас нашаванд. Ин масъала ба қишри ҷомеаи мо, бахусус ҷавонон дахл дорад. Чунки дар шароити кунунӣ мебинем, ки нақшаҳои махсус аз берун таҳрезӣ мешаванд. Ҷавононе ҳастанд, ки ба гирифтани донишу маълумотҳои динӣ дар хориҷи кишвар дар дасти сайди гумоштаҳои хориҷӣ қарор мегиранд. Онҳо омада дар кишвари худ як таълимоти ғайрро дар асоси як мазҳабе, ки ба фарҳанги миллию динии мо бегона аст ба роҳ мемонанд. Бо ин роҳ амнияти миллии кишварро халалдор карда, зери хавф мегузоранд. Агар онҳо рафта дар масҷидҳо ба намозхонии худ машғул мебуданд, касе ба онҳо коре надошт. Вале онҳо ба корҳое даст заданд, ки ҷомеа ба он бетараф буда наметавонад.                      Аз ин рӯ, Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди манъ намудани фаъолияти равияи динии «Салафия» дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бузургдошти Соли Имоми Аъзам ба ҳам тавъам ва як силсилаест аз иқдомоти наҷиб, аз муносибати давлат ва пояи баланди давлатдорӣ дар кишвар. Зеро то ҷое мусаллам аст, дар тӯли ду даҳсолаи охир Тоҷикистон рӯйдодҳои шадиду нангинро аз сар гузаронд. Мо набояд таърихи гузаштаро сарфи назар карда, фаромӯш созем. Яъне фирефтаи ҳар гуна равияҳои иртиҷоию ифротгаро нагардем. Дар ин масъала ҷавононро аз ин варта бираҳонем, зеро аксари онҳо аз нофаҳмӣ фирефтаи ин равия гардидаанд. Имрӯз дар Тоҷикистон барои ибодат ва ба ҷо овардани дигар рисолатҳои динӣ тамоми шароит вуҷуд дорад. Конститутсия ва дигар санадҳои ҳуқуқии кишвар ягон монеаро барои мардум эҷод накардааст. Масҷидҳо дар кишвар ба таври мукаммал фаъолият мекунанд. Имомхатибон ба мардум аз арзишҳои динӣ панду насиҳат ироа мекунанд. Яъне озодӣ аст.                        Ин ҷо як идда ҷавононе, ки ба гурӯҳи муайян хизмат мекунанд ё мехоҳанд, ки шӯҳрату обрӯ, мол нуфуз ва чандин чизҳои дигар, пайдо кунанд, қонун сади роҳи онҳо мешавад. Барои ҳамин бардоштани шиори Абӯҳанифа аз як ҷиҳат шинохти ҳуввияти миллӣ бошад аз дигар ҷониб гирифтани пеши роҳи иғвогарию ифротгароӣ, тангназарӣ аст, ки дунёро ба муноқишаҳо мебарад.                      -Пайдоиши ҷараёни «Салафия» аз куҷо сарчашма мегирад?                     Ҷараёни «Салафия» мантиқан давоми Ваҳҳобияи пешина аст. Ваҳҳобия дар асри 18 дар Арабистони Саудӣ пайдо шуда, рушд ёфтааст. Асосгузори он Муҳаммаддини Абдувваҳоб аст. Мутобиқ ба соли 1703-и мелодӣ таваллуд шуда, соли 1791 вафот кардааст. Ӯ ба равияи худ Оли Саудро мекашад. Бар асари ҳаракатҳои миллии арабӣ, ки каме пештар шурӯъ шуда буданд, равияи тундгарои ваҳҳобия каме пештар дар замони хилофати туркҳо дар Макка ва Мадина ба шакли дақиқ дар китобҳои таърихи «Ваҳҳобия»-и Заҳнии Даҳлон охирин муфтии Маккаи мукаррамма навиштааст ҳамаи ҳамон фасодҳою корҳои бетартибии онҳо, ки дар сарзаминҳои муқаддас анҷом дода шудаанд, ба вуҷуд омада, зикр шудааст. Соли 1932 дар асари як хурӯҷи Абдулазиз, ки имрӯз фарзандони ӯ сарварии Арабистони Саудиро ба ӯҳда доранд, сари қудрат мебарояд ва Ал- Риёзро пойтахти худ эълон карда, мазҳаби ваҳҳобияро мазҳаби расмии ҳамин давлат қабул мекунанд.                      Манбаъҳои молӣ аз ҳисоби даромадҳои сармояҳои нафтӣ ба даст меоянд инҳо мактабҳои салафияро дар Покистон, Яман ва дигар кишварҳо ташкил мекунанд. Дар Покистон мактаби Алфайсал ё Маликфайсал, ки бародари фарзандони Абдулазиз аст, вуҷуд дорад.                      Ҷараён дар шакли таълимоташ дар Покистон пештар роҳ кушода буд. Ваҳҳобияи пештараи Ҳиндустон қаблан ба шоҳ Исмоил ном шахс, ки набераи шоҳ Валиюлоҳи Деҳлавӣ, аз ҷумлаи олимони маҳаллӣ, мазҳаби ҳанафия ба онҳо мерасад. Онҳо олимон ва донишмандони барҷаста буданд. Қисмати бештари онҳо худро дар мазҳаби фиқҳи ҳанафӣ мегуфтанд, лекин дар ақида ваҳҳобӣ буда, дигар роҳу равиш доштанд. Имрӯз низ ҷараёни ҳанафӣ он ҷо дар шакли таълимоти мазҳабӣ нисбат ба ин илмҳое, ки аз Бухорои Шариф ба Ҳиндустон ва Покистон рафтагӣ буданд, дар бисёри ин корҳо рӯ гардонидаанд. Агар дар масъалаи фиқҳии амалӣ- тарзи гузоштани намоз, омин инҳо агар ба мазҳаби мо мувофиқ бошанд, лекин дар сатҳи масъалаҳои ақидавӣ ба мазҳаби мо мувофиқ нестанд. Барои ҳамин онҳо ақидаи салафӣ доранд.                   — Оё дар Тоҷикистон теъдоди ҷавонони ба ин ҷараён гаравида зиёданд?                     Ҷавонони тоҷик дар ин ҷараён он қадар теъдоди зиёд надоранд. Инҳо худашонро ба теъдоди 20 ҳазор медонанд. Ман фикр мекунам, ки ин рақам як навъ муболиға аст. Танҳо як нафареро ба хотири анҷом додани як кори салафӣ, яъне баланд гуфтани омин, ё ки пойҳоро дар намоз кушода доштан ё ки дастҳоро дар баробари сина боло бурдан намоз гузоштан ин салафӣ намешавад, то агар асосҳои мактаби салафиро пурра наомӯхта, аз паси таблиғоти ин равия пурра фаъолият надошта бошанд. Мутаасифона баъзе ҷавонони мо бар асари ноогоҳӣ ба ин ҷараён тела дода мешаванд. Аммо ҷавононе, вуҷуд доранд, ки пурра ин мактабро омӯхтагӣ ҳастанд. Бояд қайд кард, ки мактаби салафӣ дар Тоҷикистон ин андешаи дохилии мактаби динӣ нест. Ин аз хориҷа таҳмил шудааст. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори худ фаъолияти равияи «Салафия»-ро манъ кард. Ман боварӣ дорам, ки шиддати фаъолияти онҳо коҳиш меёбад. Фақат онҳое, ки дар ин замина фаъолият мекунанд мумкин аст, ки эҳтиёткор бошанд ба хотири он, ки дар дасти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот, бахусус мақомоти судӣ наафтанд. Ман фикр мекунам, ки инҳо худро ба дарунтари мазҳаб оварда ҷо мекунанд.                         Маркази исломии Тоҷикистон дар робита ба ин масъала чи корҳоро ба сомон мерасонад? Мо кӯшиш менамоем, ки таълимоти мазҳаби Имом Абӯҳанифа, ки беш аз 50 фисати мусулмонони ҷаҳон ва беш аз 90 дар сади мусулмонони Тоҷикистон ба он пайравӣ мекунанд пурра ба дасти мардум бирасад, ки асли диншиносӣ, эътиқоди мо ба он такя мекунад. Мо дар масъалаҳои диншиносӣ кадом олимони мӯътабари гузаштаро пайравӣ мекунем. Бузургдошти Соли Имоми Аъзам дар Тоҷикистон дар муқобили ҳуҷуми фарҳангӣ нақши муҳим мебозад. Дар шароите, ки дигар давлатҳо хоҳу ноҳоҳ бо ҳар роҳу восита фарҳангҳои худро ба инҷо ворид месозанд. Бо ин роҳ ба одобу ахлоқи ҷомеа зарба мезананд.Аз ҷумла, пайдо шудани равияи «Салафия». Ягон қавму миллат, ягон давлат дар канор намемонад. Мебинед, ки мо вақте, ки ҷавон будем филмҳои ҳунарии ҳиндиро тамошо мекардем ва ҷавонон бо ҳамдигар ибрози ишқ мекарданд, як латофату назокат риоя карда мешуд. Имрӯз ҷомеаи Ҳиндустон дар таҳияи филмҳо чи қадар арзишҳои бузургро аз даст додааст. Ин дар натиҷаи глобализатсияи ҷомеаи ҷаҳонист. Мо бояд атрофи як чиз фикр кунем, яъне мо ба берун чӣ дода метавонем ва аз он ҷо чӣ гирифта метавонем. Рӯ овардан ба Қуръони карим, рӯ овардан ба арзишҳои миллӣ, шинохтани фармудаҳои Худованд ва эълони Соли бузургдошти Имоми Аъзам дар шароити глобализатсияи ҷомеаи башарӣ паёмади хуҷастаест аз рушди пояҳои давлатдорӣ, иродаи сиёсии Сардори давлат ва ҳушёриву худогоҳии миллии тоҷикон.                       Соли бузургдошти Имоми Аъзам дар баланд гардидани обрӯю эътибори байналмилалии Тоҷикистон чӣ саҳм мегузорад?                      Муҳимияти иқдоми Сарвари давлати Тоҷикистон дар мавриди Соли бузургдошти Имоми Аъзам албатта як арзиши мазҳабӣ ва динӣ арзёбӣ мешавад. Дар робита Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди манъи фаъолияти ҷараёни динии «Салафия» ва эълон гардидани соли 2009 Соли бузургдошти Имоми Аъзам ба имиҷи байналмилалии Тоҷикистон нақши муассир мегузорад.                     Зеро ба шакли дақиқ давлатҳои хориҷӣ медонанд, ки мо бо чӣ гуна равияҳо рӯ ба рӯ ҳастем. Худи кишварҳои арабӣ ба ҷуз аз истисно қисмати доираҳои онҳо низ бо гурӯҳҳои махсуси Ал-Қоида, ки «Салафия» -ро маблағгузорӣ менамояд ва дар асоси таълимоти «Салафия» фаъолият мекунад ба монанди ҳамин ҷараёни ифротӣ ҳам ки дар дигар гӯшаҳои дунё хунрезию дигар ҳангомаҳои диниро ба амал мебароранд, инро дастгирӣ намекунанд. На ҳамаи кишварҳои арабӣ ақидаи салафӣ доранд. Ба шакли муайян ба формулаи муайяни давлатӣ дастгирӣ ва тарғиб кардани ҳамонҳо кори доираҳои муайян аст. Барои ҳамин мушкилоте, ки дар Тоҷикистон ворид шуд ҳамаи онҳо бохабаранд. Медонанд, ки кишвари мо бо як гурӯҳи иғвоангези ифротӣ, ки ҷомеаи моро халалдор мекунад, рӯ ба рӯ ҳаст.                      — Дар робита ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам Маркази исломии Тоҷикистон кадом корҳоро ба анҷом мерасонад?                     Дар доираи таҷлили 1310-солагии Имоми Аъзам Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳоро таҳррезӣ кард. Тибқи он дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои таблиғотӣ бурда мешавад. Дар моҳи июл дар Душанбе баргузор намудани конфронсӣ илмӣ -адабӣ ва умумиҷумҳуриявӣ бахшида ба бузургдоши Имоми Аъзам дар назар аст. Ҳамзамон, табъу нашри маҷмӯи адабиёт, китобҳо ва дигар маводи чопӣ ба нақша гирифа шудааст. Дар ин соли муборак баланд бардоштани шиори Абӯҳанифа ва омӯзишу баррасии таълимоти ин шахсияти бузурги мазҳабӣ дар сарзамини Тоҷикистон падидаи некест аз шинохти фарҳанги миллӣ.   

Февраль 5, 2009 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид