БЕМОРИИ САРАТОН ДАР ҶАҲОН ТОРАФТ БЕШТАР ПАҲН МЕГАРДАД

Февраль 5, 2009 11:07

                  Душанбе, 5 феврал. АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар мамлакатҳои ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза ба муқобили бемории саратон қайд карда мешавад. Ба ақидаи коршиносони СММ, ҳар сол дар миқёси ҷаҳон теъдоди зиёди одамон бар асари ин беморӣ вафот мекунанд. Агар тӯли солҳои наздик тадбирҳои қатъӣ андешида нашаванд, дар давоми даҳ соли оянда 84 миллион нафар қурбони ин бемории марговар хоҳад гашт.                   Ҳар сол дар ҷаҳон даҳ миллион бемори нави саратон ба кайд гирифта мешавад. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳанӯз соли 2006 пешниҳод карда буд, ки миқдори вафоти одамон аз бемории саратон ҳар сол 2 фоиз кам карда шавад. Зеро дар шароити имрӯза сабабҳои пайдоиши бемории саратон маълуманд, ин имкон медиҳад, ки камаш аз се як ҳиссаи бемории нави саратон сари вақт пешгирӣ карда шавад.                  Инчунин, усулҳое мавҷуданд, ки ошкор сохтани бемориро дар давраи аввали пайдоиши онҳо имконпазир мегардонанд. Яъне агар пайдоиши саратон хеле барвақт ошкор карда шавад, онро табобат кардан мумкин аст. Вале мамлакатҳои ҷаҳон ба ин масъалаи муҳим аҳамияти зарурӣ намедиҳанд.                Созмони ҷаҳонии тандурустӣ тавсия медиҳад, ки барои пешгирии бемории саратон барномаҳои миллӣ тартиб дода, захираҳои мавҷуда на танҳо барои табобат, балки барои пешгирии беморӣ истифода бурда шаванд.

Февраль 5, 2009 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад