БОНКИ ҶАҲОНӢ БА ТОҶИКИСТОН КӮМАК МЕРАСОНАД

Февраль 18, 2009 10:08

                       Душанбе, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Тибқи паймони ба даст омада, Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои дастгирии буҷети давлатӣ ба маблағи 20 миллион доллари ИМА кӯмак мерасонад. Маблағи мазкур барои дастгирии ислоҳоти тадбирҳои сиёсӣ дар соҳаи рушди сектори хусусӣ, идораи сектори давлатӣ ва расондани хизматҳои иҷтимоӣ сарф карда мешавад. Роҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ бо хоҳиши Ҳукумати Тоҷикистон маблағи кӯмакро, ки аввалан 10 миллион доллари ИМА муқаррар карда шуда буд, ду баробар зиёд кард. Ҳадафи расондани кӯмаки мазкур бартараф сохтани оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ дар Тоҷикистон мебошад.                        Кӯмаки мазкур ба роҳбарияти мамлакат имкон медиҳад, ки вазъи босуботи макроиқтисодиро беҳтар сохта, тартиби додани иҷозатномаҳоро барои фаъолияти соҳибкорию тиҷоратӣ такмил дода, тартиби тафтиши фаъолияти корхонаҳоро беҳтар намуда, ҷараёни хусусӣ гардондани корхонаҳоро бештар шаффоф намуда, ба тақвияти рақобати солим дар бозор мусоидат намуда, заминаи меъёрию қонунии соҳаҳои ҳавонавардӣ, энергетика ва ғайраро такмил диҳад. Дар ин бора аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.                                                                                                                                                  Тарҷумон — Қудратов А 

Февраль 18, 2009 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд