БОНКИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ХАРИДАНИ МОШИН ҚАРЗ МЕДИҲАД

Февраль 11, 2009 11:34

                      Душанбе, 11 феврал. АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова ). — Бонки рушди Тоҷикистон соли 2008 ба мизоҷонаш барои харидани мошин ба маблағи 1 миллиону 271 ҳазору 592 сомонӣ қарз додааст. Сабаби афзудани мароқи мизоҷон барои гирифтани қарз бо мақсади харидани мошини сабукрав ба он вобаста мебошад, ки имрӯз тамоми навъҳои мошинро бо қарзи дарозмуддат дастрас намудан мумкин аст. Бонки рушди Тоҷикистон айни ҳол бо мағозаҳои фурӯши мошини Ҷамъиятҳои саҳҳомии «Ҷаҳонгир», «Тоҷиктранскар» ва «Тоҷик — Тойота» ҳамкорӣ мекунад.                      Маъмурияти бонк чанд рӯз пеш бо намояндаи расмии ширкати «Митсубиси Моторс» — и Ҷамъияти саҳҳомии «Мастерхаус» — и Олмон қарордоди ҳамкорӣ имзо намуд. Мувофиқи қарордоди мазкур, Бонки рушди Тоҷикистон ба мизоҷонаш барои ба ивази қарзи дарозмуддат харидани мошинҳои тамғаи «Митсубиси» қарз медиҳад.

Февраль 11, 2009 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад