БОЗДИДИ АДМИРАЛИ АМРИКОӢ АЗ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Февраль 20, 2009 14:42

                Душанбе, 20 феврал. АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Сардори раёсати ҳайати қумондонии нақлиётии ИМА, контр — адмирал Марк Харничек, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон мусофират дорад, дирӯз ба вилояти Хатлон рафт. Вай дар ин ҷо кӯпруки дар Панҷи Поён, дар болои дарёи Ому сохташударо аз назар гузаронд, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон мепайвандад.               Аз сафорати ИМА дар Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки адмирали амрикоӣ имрӯз бо вазири корҳои хориҷӣ Ҳ.Зарифӣ, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Х.Абдураҳимов ва вазири нақлиёту алоқаи ҷумҳурӣ А.Ашӯров мулоқот хоҳад кард.               Зимни ин мулоқотҳо масъалаҳои марбут ба ҳамлу нақли лавозимоти ғайринизомии ИМА ба Афғонистон ба воситаи қаламрави Тоҷикистон муҳокима карда мешаванд. Тарҷумон — Қудратов А 

Февраль 20, 2009 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад