ЧОҲИ ГАЗ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

Февраль 3, 2009 15:58

                Кӯлоб, 3 феврал. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва саъю кӯшиши «Кӯлобгаз» як чоҳи гази Кони «Хоҷасартез» ба истифода дода шуд, ки дар натиҷа аҳолии шаҳри Кӯлоб ва корхонаҳои минтақа бо гази худӣ таъмин гардиданд. Дар баробари ин, нуқтаҳои нави фурӯши гази табиӣ ба роҳ монда шудааст, ки аҳолии минтақа метавонанд аз он фаровон истифода баранд.                 Мавриди зикр аст, ки дар баробари саъю кӯшишҳои «Кӯлобгаз» то ҳол мушкили ҷамъоварии маблағҳои пардохти ҳақи газ ҷой дорад. Соли 2008 аҳолӣ ва корхонаҳои хишти шаҳри Кӯлоб нисбат ба соли 2007 якчанд маротиба зиёд қарздор монданд.  

Февраль 3, 2009 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд