ДАР ҲАВОПАЙМОИ МУСОФИРКАШИ «МАСКАВ – ДУШАНБЕ» КӮДАК ТАВАЛЛУД ШУД

Февраль 11, 2009 10:56

                      Душанбе, 11 феврал. АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Шаби 10 феврал дар ҳавопаймои «Боинг — 758 — 200» — и ширкати ҳавоии «Тоҷик Эйр», ки аз Маскав ба Душанбе парвоз мекард, кӯдак ба дунё омад. Аз дафтари матбуоти ширкати «Тоҷик Эйр» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки яке аз мусофирони ҳавопаймо Наргис Достиева пеш аз парвоз дар майдони ҳавоии «Домодедово» — и шаҳри Маскав ба кормандони майдони ҳавоӣ ва сарнишинони ҳавопаймо хабар надод, ки дар моҳи охирини ҳомиладорӣ қарор дорад. Баъди парвози ҳавопаймо Наргисро дарди таваллуд нороҳат сохт.                    Сардори гурӯҳи сарнишони ҳавопаймо Юрий Ануфриев вазъиятро ҳамаҷониба омӯхта, қарор дод, ки парвози ҳавопаймо давом дода шавад. Вай ба стюардессаҳо фармуд, ки ба Наргис Достиева кӯмаки аввалини тиббӣ расонанд. Хушбахтона, дар байни мусофирон як нафар духтури анестезиолог буд. Вай бо кӯмаки ходимони ҳавопаймо кӯдакро саломат ба дунё овард. Кӯдак баъди яку ним соати парвоз таваллуд шуд.                    Баъди ба Душанбе фуруд омадани ҳавопаймо модар ва тифли навзоди ӯро бо мошини ёрии таъҷилии тиббӣ ба таваллудхонаи рақами 2 — юми шаҳр фиристоданд. Ҳоло онҳо таҳти назорати духтурон қарор доранд.                    Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки ин дар давоми ду соли охир воқеаи дуюми зимни парвози ҳавопаймо таваллуд шудани кӯдак мебошад. 23 декабри соли 2007 зимни парвози ҳавопаймои ТУ — 154 аз шаҳри Санкт — Петербург ба Душанбе кӯдак таваллуд шуд, ки баъд онро Муҳибулло ном гузоштанд.  

Февраль 11, 2009 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд