ДАР ЧИН 20 МИЛЛИОН НАФАР БЕКОР МОНД

Февраль 3, 2009 14:39

                  Чин (АМИТ "Ховар" — BBC). — Намояндагони мақомоти ҳукуматии Чин хабар доданд, ки дар натиҷаи авҷ гирифтани бӯҳрони молиявӣ дар мамлакат қариб 20 миллион коргари муҳоҷир бекор монд.                  Аз рӯи маълумоти Созмони марказии кишоварзии Чин, аз 130 миллион мардикор, ки аз деҳот барои кор ба шаҳрҳо омадаанд, тақрибан 15 фоиз айни ҳол аз кор маҳрум гардидаанд. Бояд гуфт, ки ҳар сол аз деҳоти Чин аз 5 то 6 миллион муҳоҷир барои ёфтани кор ва маблағ ба шаҳрҳо меравад. Бинобар ин шумораи бекорон аз ин ҳам бештар буда метавонад.                   Намояндаи Созмони байналхалқии ҳифзи ҳуқуқи инсон Фалим Кайн ба мухбирон гуфт, ки кор дар шаҳрҳо барои миллионҳо нафар муҳоҷирон манбаи ягонаи даромад мебошад. Коргарони муҳоҷир аз кор маҳрум гардида, барои таҳсили фарзандонашон ва нигоҳубини мӯйсафедон маблағ пайдо карда наметавонанд. Қайд карда мешавад, ки корхонаю муассисаҳо соли 2009 нисбат ба соли гузашта бештар аз ду баробар кам одамонро ба кор қабул мекунанд. Соҳибони корхонаҳо торафт бештар ба ҷои мардон занони ҷавонро ба кор мегиранд. Зеро чунин мешуморанд, ки самараи кори занон нисбат ба мардон хеле зиёд аст.                   Мақомоти Чин изҳор намуданд, ки барои беҳтар сохтани вазъият дар саросари мамлакат ҷиҳати расондани кӯмак ба бекорон 5 ҳазор дафтари таъминоти кор ташкил карда мешавад. Вале онҳо танҳо мутахассисони ҷавонро дар соҳаҳои нақлиёту молия, тиҷорат ва алоқа бо кор таъмин мекунанду халос. Аз рӯи маълумоти вазорати ҳифзи иҷтимоии Чин, имсол мактабҳои олиро зиёда аз 7 миллион донишҷӯ хатм мекунанд ва онҳо низ сафи бекоронро бештар хоҳанд гардонд. Охири соли гузашта дар Чин 8,86 миллион шахси бекор ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба семоҳаи сеюми соли 2008 — ум 560 ҳазор нафар зиёд мебошад.                                                                                                                                                 Тарҷумон — Қудратов А.  

Февраль 3, 2009 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд