ДАР ДУШАНБЕ ҚУРБИ ДОЛЛАР УСТУВОР НЕСТ
Душанбе, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 17 феврали соли равон дар давоми рӯз дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе қурби доллари ИМА зуд-зуд тағйир меёфт. Масалан, дар нимаи дуюми рӯз қурби доллари ИМА каме боло рафта, 3,78 — 3,80 сомониро ташкил дод, вале дар баъзе минтақаҳои дигари пойтахт он то 3,73 -3,76 сомонӣ поён рафт. Аз маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки бо мақсади устувор нигоҳ доштани қурб Бонк чораи зурурӣ, аз қабили мудохила (интервенсия) ба бозори асъорро оғоз кард. Илова бар ин, ҳамчунин фаъолнокии бонкҳои тиҷоратӣ дар мавриди фурӯши асъори хориҷӣ ба воситаи нуқтаҳои мубодилаи асъори худ ба мушоҳида расид. Дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкии асъор қурби миёнаи доллари ИМА ба андозаи 0,3 фоиз поён рафта, дар сатҳи 3,73 — 3,76 сомонӣ қарор гирифт.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






