ДАРГУЗАШТИ УСТОДИ «ШАШМАҚОМ»

Февраль 2, 2009 14:52

                      Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Шаби 1 феврал сарояндаи маъруфи «Шашмақом» Боймуҳаммад Ниёзов дар синни 82-солагӣ дар натиҷаи баланд шудани фишори хун дар шаҳри Хуҷанд даргузашт.                       Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки рӯзи якшабе маросими видоъи ин хунёгари маъруф дар толори Театри ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он аҳли ҳунар, шогирдону дӯстон ва мухлисону пайвандон иштирок намуданд. Пас аз зӯҳри рӯзи якшанбе ҷасади устод ба хок супурда шуд.                     Дар маросими ба хоксупории Боймуҳаммад Ниёзов аҳли фарҳанги кишвар оид ба саҳми мутааасссири ин устоди мусиқии асили тоҷикӣ — «Шашмақом» сухан карданд.                      Мавриди ёдоварист, ки Боймуҳаммад Ниёзов соли 1927 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, муаллифи 53 суруд аст, ки худ ба лаҳну усули хоса сурудааст. Ӯ аз ибтидои солҳои 60-и асри гузашта дар филармонияи Кумитаи давлатии телевизиони Тоҷикистон овозхонӣ карда, солҳои 1980 — 1886 дар Донишгоҳи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон дарс гуфтааст.                     Дар охири солҳои 80-уми асри гузашта ӯ ба шаҳри Хуҷанд баргашт ва то охири умр дар факултаи ҳунарҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз фанни «Шашмақом» дарс дод.

Февраль 2, 2009 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид
Муовини Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Бахшида ба 32-солагии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳамоиш доир шуд