ДАВРАИ НАВИ ҲАМКОРИҲО ОҒОЗ ЁФТ
Душанбе, 20 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитойро оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, ки 27-уми августи соли 2008 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд, тасдиқ намуд. Боиси тазаккур аст, ки дар ҷодаи ҳамлу нақли автомобилӣ ҳамкории ҷумҳуриямон бо Ҷумҳурии Халқии Хитой шоистаи таҳсин аст. Созишномаи мазкур, баҳри интиқоли бору мол ва мусофиркашонӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ байни ин ду кишвар давраи нави ҳамкориро оғоз намуд. Дар кӯчаҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе беш аз 2 ҳазор мошинҳои мусофиркашонии тамғаҳои «Дамас», «Чанху» ва «Хафей» ба мардуми пойтахт хизмат мерасонанд, ки аз натиҷаҳои самарабахши ҳамин Созишнома аст.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






