ДУШАНБЕ СОҲИБИ 4 ТЕРМИНАЛИ ЗАМОНАВӢ МЕШАВАД
Душанбе, 24 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар ояндаи наздик дар 4 самти даромадгоҳи шаҳри Душанбе терминалҳои мусофиркашонии наздишаҳрӣ сохта мешаванд. Ин матлаб дар ҷаласаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид, баррасӣ шуд. Бо ин мақсад соҳибкороне, ки хоҳиши иштирок дар сохтмони терминалҳои мусофиркашро доранд, метавонанд дархосту ташаббус ва пешниҳодоти худро ба унвонии роҳбарияти шаҳр пешниҳод созанд.Нисбати сохтмони терминалҳои мусофиркашонӣ муовини раиси шаҳри Душанбе Абдуҳомид Шералиев дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки терминалҳои мусофиркашонӣ дар асоси Нақшаи генералии шаҳри Душанбе тибқи пешниҳоди лоиҳаи беҳтарин ба озмун бо назардошти теъдоди воридшавии навъҳои гуногуни нақлиёт сохта мешаванд. — Мо кӯшиш мекунем, ки дар чор самти пойтахт терминалҳои хубу замонавии ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалиро бунёд созем, ки дорои утоқҳои махсус барои кӯдакону модарон, хизматрасонии маишӣ, толорҳои интизорӣ, истироҳатӣ, ошхона, хазина ва ғайраҳо бошанд, афзуд А. Шералиев. Бояд зикр кард, ки алҳол нақлиёти гуногун, бахусус мусофиркашон, ки аз чор самт вориди пойтахт мегарданд, бештари онҳо на дар ҷойҳои муқарраршуда, балки дар дилҳоҳ ҷой таваққуф намуда, боиси риоя накардани талаботи ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт мешаванд. Алҳол нақлиёти мусофиркаше, ки аз дигар минтақаҳои кишвар вориди шаҳр мешаванд — аз ғарб дар маҳаллаи 102, ҷануб назди бозори «Саховат» ва «Автосентр», шарқ дар километри 9-ум ва шимол дар назди КВД «Тоҷиксемент» таваққуф мекунанд, ки ин истгоҳҳо шароити оддитарини хизматрасониро надоранд. Умед аст, ки бо сохтмони терминалҳои мусофиркашонии замонавӣ дар назди дарвозаҳои пойтахт мушкилоти мусофирони роҳдур ҳалли худро меёбад.








Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид






