ФАЪОЛИЯТИ ХУСУСИИ ТИББӢ ВАСЕЪТАР МЕШАВАД
Душанбе, 9 феврал, (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти аъзои кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила, ҳифзи сиҳатӣ ва экология Ҷумъабой Сангинов, аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти хусусии тибӣ» 8 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, аммо дар сектори хусусии тиббӣ дигаргунии ҷиддие ба амал наомад. Аз ин рӯ, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ бо мақсади такмили меъёрҳои қонунҳои амалкунанда, бартараф кардани мухолифатҳои мавҷуда, ба қонуни мазкур тағийру иловаҳо ворид намуд. Дар Қонун ба баъзе намудҳои фаъолияти хусусии тиббӣ имтиёзҳо дода шуд, ки он ба рушди соҳа имкониятҳои бештаре медиҳад. То имрӯз ҳамагӣ дар бахши хусусии тиббӣ 7 шӯъба амал мекунад, ки хеле ночиз аст. Бо қабули қонуни мазкур фаъолияти хусусии тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ёфта, дар бахшҳои гуногун расонидани ёрии тиббӣ беҳтар хоҳад шуд,-иброз дошт Ҷумъабой Сангинов ба мухбири АМИТ «Ховар».








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






