ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНА БЕҲТАР МЕШАВАД

Февраль 5, 2009 11:10

                Душанбе, 5 феврал. АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Муовини аввали раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиктрансгаз» Шавкат Шоимов ба саволҳои мухбири АМИТ «Ховар» ҷавоб дода, гуфт, ки вазифаи асосии корхона ва кормандони он бо гази табиӣ пурра таъмин намудани аҳолии мамлакат мебошад. Вай зикр намуд, ки Тоҷикистон айни ҳол 98 фоизи гази табииро аз Ҷумҳурии Ӯзбекистони ҳамсоя мехарад. Танҳо ду фоизи ин навъи сӯзишворӣ дар қаламрави Тоҷикистон истеҳсол карда мешавад. Тавре ки маълум аст, Ӯзбекистон ба қарибӣ нархи фурӯши гази худро қариб ду баробар зиёд кард.               Ш.Шоимов афзуд, ки проблемаи асосии имрӯза напардохтани қарзи аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ барои гази истифодашуда мебошад. Истифодабарандагони асосии газ дар мамлакат корхонаҳои саноатӣ мебошанд ва онҳо маблағи қарзи худро мунтазам намепардозанд. Айни ҳол, маблағи қарзи аҳолӣ ва корхонаҳои шаҳри Душанбе аз ҳисоби гази истифодашуда 5 миллион сомонӣ ва дар миқёси ҷумҳурӣ 7 миллион сомониро ташкил медиҳад.               Корхонаҳои калони саноатӣ, аз ҷумла, «Барқи тоҷик», «Тоҷиказот», корхонаи семент ва ғайра бештар аз 13 миллион доллар қарздоранд. Ҳамин тариқ, қарзи умумии Тоҷикистон аз ширкати «Ӯзтрансгаз» зиёда аз 17 миллион доллари ИМА мебошад. Ҳамин вазъият моро водор намуд, ки интиқоли газро аз мамлакати ҳамсоя то андозае маҳдуд намоем. Ш.Шоимов изҳор намуд, ки айни ҳол ба 40 фоизи аҳолии ҷумҳурӣ гази табиӣ дода мешаваду халос.               Қайд карда шуд, ки солҳои гузашта пули гази истифодашуда бо назардошти шумораи аъзоёни оила гирифта мешуд. Вале солҳои охир истифодаи технологияи нав имкон дод, ки усули ҳисобу китоби газ ва гирифтани пули он тағйир дода шавад. Ҳоло дар шаҳри Душанбе 3 ҳазор дастгоҳи андозагири такмилдодашудаи сохти чинӣ насб карда шудааст, ки на танҳо масрафи газро ҳисоб мекунанд, балки дар мавриди сари вақт надодани пули газ интиқоли онро қатъ менамоянд.              Ш.Шоимов изҳор намуд, ки нархи истифодаи газ нисбат ба солҳои гузашта хеле баланд карда шуд. Ин, албатта, норозигии аҳолиро ба вуҷуд оварда метавонад. Вале мо бояд муносибати худро бо назардошти воқеияти имрӯза муқаррар намоем. Роҳбарияти «Тоҷиктрансгаз» моҳи декабри соли 2008 бо ширкати «Ӯзтрансгаз» дар бораи харидани гази табиӣ қарордод имзо намуд. Мувофиқи он Тоҷикистон ҳазор метри мукааб гази табиии Ӯзбекистонро ба ивази 240 доллари ИМА мехарад. Ҳол он ки арзиши ҳамин қадар гази табиӣ соли 2008 — ум 145 доллари ИМА буд.             Шавкат Шоимов дар бораи истеҳсоли гази табиӣ дар дохили мамлакат сухан ронда, гуфт, ки айни ҳол танҳо аҳолии Кӯлоб, Колхозобод ва Қӯрғонтеппа бо гази худӣ таъмин карда мешаванд. Зикр шуд, ки ҳоло дар вилояти Хатлон ҳар шабонарӯз аз 10 то 15 ҳазор метри мукааб газ истеҳсол карда мешавад. Таҳқиқи манбаъҳои гази табиӣ дар қаламрави Тоҷикистон давом дорад. Вале ин вазифаи «Тоҷиктрансгаз» нест. Ин вазифа ба зиммаи вазорату идораҳои дигар гузошта шудааст, гуфт Ш. Шоимов.                                                                                                                                               Тарҷумон — Қудратов А.

Февраль 5, 2009 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд