ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТ МАНСАБДОРОНРО БА СУХАН МЕОРАД

Февраль 25, 2009 10:53

                   Душанбе, 25 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба имзо расидани Фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз 7-уми феврали соли 2009 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии васоити ахбори омма» дар мустаҳкам намудани интизоми мансабдорон ва вокуниши саривақтии онҳо ба маводҳои танқидиву таҳлилии воситаҳои ахбори омма мусоидат менамояд.                   Бо ин максад, сардори маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ Нарзулло Додобоев барои хабарнигорони дохилу хориҷи кишвар брифинги матбуотӣ доир намуд.                   Боиси тазаккур аст, ки маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ бо ВАО-и кишвар алоқамандии зич дошта, як соли охир дастрасиро ба иттилоот беҳтар намудааст. Дар давоми соли 2008 ва 2 моҳи соли 2009 маркази матбуот ва иттилооти вазорат 10 маротиба нишастҳои матбуотиро бо иштироки ВАО-и дохилу хориҷи кишвар баргузор намудааст. Дар ин нишастҳо беш аз 100 нафар намояндагони ВАО-и ватанию хориҷӣ ба беш аз 500 саволхои пешниҳод кардаашон ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.                   Ҳамаи ин бозгӯи он аст, ки Фармони Президенти кишвар кормандони васоити ахбори оммаро водор сохт, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои ҷомеа бештар ҳангоми тайёр намудани мавод бо таҳлилҳои амиқу нишонрас баромад намоянд. Аз тарафи дигар. Фармони мазкур, мансабдоронро ба шафофияти дастрасии иттилоот барои ВАО ба сухан овард.

Февраль 25, 2009 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад