ГУМРУКЧИЁН АЗ ТАҶРИБАИ ЯКДИГАР БАРХУРДОР МЕГАРДАНД

Февраль 16, 2009 14:45

                  Душанбе, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Мавджуда Давлатзода).- Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон тайи як моҳи сипаригардида 54 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва як ҷиноятро ошкор карданд.                  Аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки бобати пешгирӣ ва ошкор намудани ҳодисаҳои ҳукуқвайронкунии гумрукӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз тарафи шӯъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии раёсат дар дидбонгоҳҳои тобеи он семинарҳои сайёр гузаронида мешаванд. Мақсади асосии гузаронидани семинарҳо ин бархурдор гардидан аз таҷрибаи якдигар, саривақт ошкор намудани қонуншиканиҳо дар соҳаи гумрук, омӯзиши кодекси нави ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки аз 1 апрел мавриди амал қарор мегирад ва ба ин васила дар амал татбиқ намудани нақшаву чорабиниҳои сохтори минтақавии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ дар вилояти Хатлон аст.                  Ҳамчунин қайд гардид, ки бо самараи чунин омӯзишҳо моҳи январи соли ҷорӣ кормандони гумруки Панҷи поён як амали ғайриқонунии ворид гардидани миқдори зиёда аз 30 килограмм маводи нашъадорро ҷилавгирӣ намуданд. Дар дохили халтаҳои семент устокорона ҷойгир намудани халтачаҳои селофании пур аз маводи героин аз назари гумрукчиён пинҳон намонд. Баъд аз ташхиси лабораторӣ маълум карда шуд, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Неъматулло Абдулло мехост зиёда аз 22 килограмм героин ва қариб 8 килограмм афъюнро ба Ҷумҳурии Тоҷикситон ворид созад. Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз намуда, барои тафтишот ба мақомоти прокуратура ирсол карда шуд.                     Аз рӯи 54 парвандаҳои тартибдодашудаи ҳуқуқувайронкуниҳои гумрукӣ ба маблағи 17 ҳазору 75 сомонӣ ҷарима гузошта, маблағи он ба пуррагӣ ситонида шуда, ба буҷаи мамлакат ирсол карда шуд.Инчунин аз тарафи кормандони раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ба маблағи 7 ҳазору 500 сомонӣ мол ба нафъи давлат мусодира карда шуд.

Февраль 16, 2009 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд