ГУРӮҲИ ПИЗИШКОН БА НЕРӮГОҲИ ОБИЮ БАРҚИИ РОҒУН САФАРБАР КАР

Февраль 24, 2009 16:24

              Душанбе, 24 феврал. (АМИТ "Ховар", Ибодат Давлатова). — 24 феврали соли ҷорӣ як гурӯҳ пизишкони беҳтарини ҷумҳурӣ барои гузаронидани муоинаи тиббии пешгирикунандаи бинокорон ба сохтмони иншооти Нерӯгоҳи обию барқии Роғун сафарбар карда шуданд.               Аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ "Ховар" иттилоъ доданд, ки дар ин сафар пизишкони варзида, дар ҳайати табиби дандонпизишк, силшинос, уролог, табиби эндокринолог, иммунолог, табиби бемориҳои дарунӣ, чашмпизишк, табиби бемориҳои гӯшу гулӯю бинӣ, табиби бемориҳои асаб, акушер-гинеколог ва ғайра зиёда аз 4.5 ҳазор сохтмончиёнро муоина ва табобат хоҳанд намуд. Ҳайати табибон бо таҷҳизоти тиббии дастгоҳи электрокардиограф, дастгоҳи фаросавтӣ (УЗИ) дорувории зарурӣ ва ваксинаҳо оид ба пешгирии бемориҳои шадиди роҳи нафас ва зуком таъмин карда шудаанд.              Инчунин, гузаронидани чорабиниҳои ташвиқотию тарғиботӣ оид ба баланд бардоштани маърифати санитарии бинокорон дарназар дошта шудааст.  

Февраль 24, 2009 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад