ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИИ СААД ВА СОЗМОНИ БАЙНАЛХАЛҚИИ МУҲОҶИРАТ
Маскав, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Муншии умумии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа ва директори намояндагии Созмони байналхалқии муҳоҷират дар Федератсияи Русия Энрико Понзиани дирӯз дар Маскав мулоқот карданд. Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза ба муқобили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва хариду фурӯши одамон муҳокима шуданд. Н.Бордюжа ба Э. Понзиани дар бораи фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти салоҳиятдори СААД дар масъалаҳои мубориза ба муқобили муҳоҷирати гайриқонунӣ ва тақвияти тадбирҳои муштараки давлатҳои аъзои созмон дар ин соҳа маълумот дод. Энрико Понзиани изҳор намуд, ки намояндагии Созмони байналхалқии муҳоҷират дар Русия тайёр аст, дар таҳлили қиёсию ҳуқуқии меъёрҳои мавҷудаи қонунҳои миллии мамлакатҳои аъзои созмон дар мубориза ба муқобили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва хариду фурӯши одамон бо мақсади таъини мувофиқати онҳо ба талаботи ҳуқуқи байналхалқӣ ширкат варзад. Ҳар ду ҷониб натиҷаҳои мусбати амалӣ сохтани Протоколи ҳамкории котиботи СААД ва маъмурияти Созмони байналхалқии муҳоҷиратро зикр намуданд, ки моҳи июли соли 2006 имзо шуда буд. Тарҷумон — Қудратов А








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






