ГУЗАРИШИ ХАТИ САРҲАДИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН
Душанбе, 25 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-25 феврал соли 2009 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳдномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистонро тасдиқ кард. Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Абдуманнон Холиқов санади мазкурро шарҳ дода гуфт, ки Аҳднома 7 сол муқаддам, аниқтараш 5 октябри соли 2002 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, он асосҳои ҳуқуқии гузариши хати сарҳади давлатии ду кишвари дӯсту ҳамҷавор- Тоҷикистону Ӯзбекистонро муайян месозад. Аҳднома аз 9 модда ва се замима иборат буда, муқадимаи он мақсад ва мароми ба имзо расонидани Аҳдномаро инъикос намудааст. Тасдиқи Аҳдномаи мазкур аз ҷониби парлумони Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои марзиву ҳудудии ду кишвари ҳамҷавор нақши муассир мегузорад. Зеро ин санад дар асоси низом ва қонуҳои байналмилалӣ таҳия шуда, манфиатҳои миллию соҳибихтиёрии ҳам Тоҷикистон ва ҳам Ӯзбекистонро ҳимоя менамояд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






