ГУЗОРИШ АЗ НАТИҶАИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ БА ҶУМҲУРИИ ЛАТВИЯ
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Латвия субҳи рӯзи 9- уми феврал бо маросими истиқбол дар назди қасри Президенти Ҷумҳурии Латвия, ки бо номи Кохи Рига маъруф аст, оғоз ёфт. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд. Маросими истиқболи расмӣ бо саф кашидани горди ифтихории Латвия, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб ҷараён гирифт. Маросими мазкур мустақиман аз тариқи шабакаи якуми телевизиони давлатии Латвия пахш гардид.Масоили ҷорӣ ва рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Латвия нахуст дар мулоқоти хоссаи сарони ду давлат ва сипас дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмӣ баррасӣ шуд. Ба барқарорсозии робитаҳои анъанавии миёни Тоҷикистону Латвия, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ мавҷуд буд ва ташкилу густариши ҳамкориҳо дар самтҳои коркарди нахи пахта, пӯст, пашм, меваю сабзавот, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданоки табиӣ, азхуднамоии захираҳои обию энергетикӣ, рушди нақлиёту коммуникатсия ва туризм изҳори ҳавасмандӣ карда шуд. Аз рӯи натиҷаи мулоқотҳо миёни Тоҷикистону Латвия якчанд санади бунёдии ҳамкорӣ ба имзо расид. Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Латвия; Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя; Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба алоқаи ҳавоӣ;Протоколи оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Латвия; Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Латвия. Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс нишасти матбуотӣ ороста, ба натиҷаҳои гуфтушунид баҳои баланд доданд. Таъкид гардид, ки бо ин сафар ва ба имзо расидани санадҳои бунёдии ҳамкорӣ заминаи боэътимоди сиёсию ҳуқуқӣ барои таҳким ва густариши муносибатҳои ба ҳарду кишвар судбахш гузошта шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Рига ба зери пояи Муҷассамаи Озодии Ҷумҳурии Латвия гулчанбар гузошта, ба муқаддасоти миллию фарҳангӣ ва таърихии мардуми ин кишвари дӯст эҳтиром ба ҷо овард. Дар ин маросим Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс ҳамроҳӣ намуд. Масоили ташкил ва густариши робитаҳои байнипарлумонӣ ва таҳкими асоси ҳуқуқии ҳамкориҳои ду кишвар дар вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Парлумони Латвия Гундарс Даудзе баррасӣ шуд. Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Латвия бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Валдис Затлерс баргузор гашт.Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс бори дигар зимни форуми соҳибкорони ду кишвар баргузор гашт, ки басо манфиатбахш ва босамар буд. «Тоҷикистон шарики умедбахш ва қавии мо дар Осиёи Марказӣ аст ва Латвия пули миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо хоҳад буд», — изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс. «Шумо ба мо Аврупо ва мо барои Шумо ба Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ роҳ мекушоем», — изҳор дошт дар ҷавоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Аз рӯйи натиҷаҳои он чанд мувофиқаҳои муҳим миёни соҳибкорони ду кишвар ба даст омад, ки албатта мавриди дасгирии сиёсию ҳуқуқии ду ҷониб қарор мегиранд. Оид ба тафсилоти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Сарвазири Латвия Иварс Годманис гуфтугӯйи судманд анҷом дод. Бегоҳии рӯзи 9 феврал Президенти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс ба гиромидошти сафари нахустини Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кишвараш зиёфати бошукӯҳи давлат орост. Шоми хамон руз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри анҷом додани сафари расмӣ ва гузории мулоқотҳо бо роҳбарияти олии созмонҳои аврупоӣ ва Паймони Атлантикаи Шимолӣ ба шаҳри Брюсел — пойтахти Мамлакати Белгия сафар кард. Дар ин бора Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода аз шаҳри Ригаи Ҷумҳурии Латвия иттилоъ дод.