ХАЙАТИ КОМИССИЯИ ВЕНЕТСИАНИ ДАР ТОИЧКИСТОН

Февраль 24, 2009 10:50

                  Душанбе, 24 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҳамкории мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо беш аз пеш густариш меёбад. Далели ин вохӯрии Раиси Комиссияи Марказии Интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоалӣ Болтуев бо муовини котиби иҷроияи Комиссияи Венетсиании Иттиҳоди Аврупо Томас Маркерт аст, ки 24 феврал дар Душанбе баргузор гардид.                  Раиси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ Мирзоалӣ Болтуев роҷеъ ба тақвияти ҳамкории Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон бо созмонҳо ва институтҳои байналмилалии интихоботӣ, бахусус бо Комиссияи Аврупоӣ ибрози назар кард. Мавсуф афзуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузаронидани интихоботи шаффофу одилона ва демократӣ, ки таҷрибаи комил дорад, ҳамеша бо созмонҳои бонуфузи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ ҳамкории густурдаро пеша менамояд. Мавсуф аз омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ дар кишвар, ки баргузории он соли 2010 дар назар аст, гузориш дод.                   Муовини Котиби Иҷроияи Комиссияи Венесианӣ Томас Маркерт омодагии Комиссияи Аврупоро дар самти расонидани кӯмак ҷиҳати баргузории интихоботи озоду шаффоф ва демократӣ ба Тоҷикистон, ислоҳот ва такмили қонунгузории интихобот зикр карда, гуфт, ки Комиссияи Венетсиании Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати дар сатҳи баланд ва бо меъёрҳои байналмилалӣ доир намудани интихобот дар Тоҷикистон ҳамеша омодааст.                  Ҷонибҳо ҳамзамон дигар масъалаҳои тақвияти ҳамкории мутақобилан судмандро баррасӣ карданд.Бояд тазаккур дод, ки сафари ҳайати Комиссияи Венетсианӣ ба Тоҷикистон дар чаҳорчӯби барномаи ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи ислоҳот ҷиҳати таҳкими волоияти қонун сурат гирифтааст.

Февраль 24, 2009 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид