ХАТИ ИНТИҚОЛИ БАРҚИ «ҶАНУБ – ШИМОЛ» ОХИРИ ҲАМИН СОЛ ИСТИФОДА МЕШАВАД

Февраль 18, 2009 14:33

                Душанбе, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо раиси Шӯрои мудирони ширкати «ТВЕА» — и Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Син мулоқот кард.               Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ширкати мазкур хатҳои интиқоли барқи «Хатлон — Лолазор» ва «Ҷануб — Шимол» -ро месозад. Сохтмони хати интиқоли барқи «Хатлон — Лолазор» соли гузашта анҷом ёфта буд. Анҷоми сохтмони хати интиқоли барқи «Ҷануб — Шимол» дар соли 2010 пешбинӣ карда мешавад. Вале Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон ба Чжан Син пешниҳод кард, ки сохтмони хати интиқоли барқи мазкур то охири ҳамин сол анҷом дода шавад.               Меҳмони чинӣ ваъда дод, ки барои ин аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад. Вай ҳамчунин зикр кард, ки айни ҳол дар масъалаи сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе, нерӯгоҳи барқи обии «Нуробод -1» ва тармиму таҷдиди корхонаи трансформаторсозӣ гуфтушунид карда мешавад.

Февраль 18, 2009 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад