ХИШТИ НАХУСТИНИ МАРКАЗИ ТИҶОРАТИИ ЭРОН ГУЗОШТА ШУД
Душанбе, 6 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар шаҳри Душанбе аз ҷониби вазири бозаргонии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидмасъуди Миркозимӣ хишти нахустини пойдевори Маркази тиҷорат ва намоишгоҳи Эрон гузошта шуд, ки он метавонад ба рушди иқтисоду тиҷорат байни ду кишвари ҳамзабон нақши муассир гузорад. Гузоштани хишти нахустини Маркази мазкурро вазири бозаргонии Эрон саҳифаи наве дар тавсеаи муносибатҳои мутақобилан судманди иқтисодии Тоҷикистону Эрон арзёбӣ кард. Сайидмасъуди Миркозимӣ гуфт, ки Маркази тиҷоратӣ ва намоишгоҳи Эрон аз ҷониби бахши хусусии Эрон сохта мешавад. Барои дар кӯтоҳтарин вақт сохтани он Вазорати бозаргонии Эрон низ як субсидеро кӯмак менамояд. Маркази тиҷорат ва намоишгоҳи Эрон дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе дар масоҳати 0,5 гектар сохта мешавад. Алҳол дар ин самт аз ҷониби мутахассисони эронӣ корҳои лоиҳакашӣ идома дорад. Ба андешаи вазири бозаргонии Эрон Маркази мазкур маҳалле мешавад, ки дар он доираҳои тиҷоратӣ ва бозаргонҳои тоҷику эронӣ бо ҳам вохӯрию мулоқот намуда, бо фаъолияти якдигар шинос мешаванд ва тавофуқномаҳои ҳамкорӣ дар соҳахои гуногун ба имзо мерасонанд. Ҳамзамон, имкон доранд, ки дар ин Марказ намунаи молҳояшонро ба намоиш гузоранд ва муаррифӣ созанд, ки ин ба тавсеаи тиҷорати байни ду кишвар мусоидат менамояд.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






