ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ ВА КОМПЮТЕРРО МЕОМӮЗАНД

Февраль 11, 2009 15:29

                     Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Созмони байналхалқии «Фокус — кӯмаки башардӯстона» дар доираи иҷрои барномаи омода сохтани ҷамоатҳои маҳаллӣ ба фалокатҳои табиӣ дар ноҳияҳои дурдасту баландкӯҳ барои омӯхтани забони англисӣ ва компютер курсҳои махсус ташкил намуд. Дар ин курсҳо асосан мутахассисони муассисаҳои давлатӣ таҳсил мекунанд, ки дар соҳаи пешгирӣ ва кам кардани оқибати фалокатҳои табиӣ кор мекунанд.                       Котиби матбуоти созмони мазкур Соро Муродалиева ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки машғулияти курсҳои мазкурро кормандони Мактаби таҳсилоти касбӣ ва муттасили Донишгоҳи Осиёи Марказӣ мегузаронанд. Барномаи курсҳои забони англисӣ барои кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, мудофиаи шаҳрвандӣ ва сарраёсати геологияи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ пешбинӣ шудаанд. Дар курсҳои компютерӣ кормандони Маркази ҳавошиносӣ, расадхонаи шаҳри Хоруғ ва ситоди вазъияти фавқулоддаи ВМКБ таҳсил мекунанд.                     Баъди хатми курсҳо ба шунавандагон сертификати Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дода мешавад.                                                                                                                                                       Тарҷумон — Қудратов А. 

Февраль 11, 2009 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад