ИСТИХРОҶИ ТИЛЛО МЕАФЗОЯД
Душанбе, 10 феврал. АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Истихроҷи тилло дар Тоҷикистон соли 2008 нисбат ба соли 2007 — ум 5,83 фоиз афзуда, ба 1 тоннаю 670 килограмм расид. Мувофиқи маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, ҳаҷми захираи тиллои Тоҷикистон то 1 январи соли 2009 — ум 198,6 миллион доллари ИМА — ро ташкил дод. Аз рӯи маълумоти вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, истихроҷи тилло соли 2008 — ум 92 килограмм зиёд шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» зикр мекунад, ки айни ҳол технологияи истихроҷи тилло дар конҳо ва корхонаҳои мамлакат такмил дода мешавад. Аз рӯи таҳқиқоти олимони Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, дар қаламрави мамлакат қариб 30 кони тилло кашф карда шудааст, ки захираи умумии маҳсулоти он аз 430 тонна зиёд мебошад.Тарҷумон — Қудратов А.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






