КӢ АЗ ВАЗИФА ОЗОД ШУД?
Душанбе, 3 феврал. АМИТ «Ховар»). — Бо фармони вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Абдураҳим Қаҳҳоров, сардори Раёсати ҷустуҷӯӣ ҷиноии вазорат Исматулло Расулов, сардори Раёсати мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор Абдул Розиқов, сардори ситоди ВКД Маҳмадалӣ Шафоатов ва баъзе роҳбарони дигари раёсатҳои вазорат аз вазифа озод карда шуданд. Аз дафтари матбуоти вазорат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки рӯзҳои наздик ба ҷои онҳо роҳбарони нав таъин карда мешаванд. Рауф Юсуфов сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд таъин гардид. Вай қабл аз ин дар вазифаи муовини вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ кор мекард. Тавре хабар дода шуда буд, Р.Юсуфов 31 январ дар маҷлиси Ҳукумати ҷумҳурӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифа озод карда шуд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






