КӮМАК БА ФАЪОЛИЯТИ ҶАМОАТҲОИ ДЕҲОТ
Душанбе, 17 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои дастгоҳи раиси шаҳри Ваҳдат, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо мақсади беҳбудӣ бахшидани кори ҷамоатҳо чорабиниҳои зарурӣ, аз қабили гузаронидани маҷлисҳои назоратӣ, санҷишҳои ҳолати коргузорию ҳуҷҷатнигорӣ, доир намудани семинару машваратҳои омӯзишӣ ва аз аттестатсия гузаштани роҳбарону кормандони онҳоро амалӣ намуд. Ин чорабинӣ боиси беҳтар гардидани фаъолияти ҷамоатҳои деҳот гардид. Аз тарафи роҳбарияти ноҳия бо иштироки раисони ҷамоатҳо 64 маротиба маҷлисҳои назоратӣ доир гардида, дар он ҷаласаҳо масъалаҳои иҷрои амру фармон, ободонии деҳаҳо, кабудизоркунии шоҳроҳҳо, танзими ҷашну маросимҳо ва зимистонгузаронии муассисаҳои соҳаи тиб ва маориф баррасӣ гардид, ки он ба фаъолияти ҷамоатҳои деҳот мусоидат намуд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






