КӮМАК БА МАКТАБҲОИ НОҲИЯҲОИ НАЗДИСАРҲАДӢ

Февраль 9, 2009 14:20

                    Душанбе, 9 феврал. АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Рӯзҳои наздик ба талабагони 50 мактаби таҳсилоти ҳамагонии ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон қарзҳои хурд дода хоҳанд шуд. Талабагон ин қарзҳоро барои амалӣ сохтани барномаҳои ҷалби ҳамсолонашон ба ҳалли масалаҳои гуногуни хоҷагидорӣ, таҳсил ва проблемаҳои дигари мактабҳо истифода мебаранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз созмони ғайриҳукуматии «Водии сулҳ» хабар доданд. Қарз ба талабае дода мешавад, ки барои иҷрои барнома ариза дода, дар мавзӯи «Водии Фарғона — маъвои умумии мо» пешниҳодоти ҷолиб ба миён мегузорад.                    Комиссияи коршиносон аз ҷумлаи намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ барномаҳои беҳтаринро интихоб мекунад. Ҳадафи ин иқдом тарбияи роҳбарони ояндаи мақомоти идораи маҳаллӣ ва дар рӯҳияи эҳтирому ба ҳисоб гирифтани ақидаи ҳамсолонашон тарбия намудани талабагон аз мамлакатҳои ҳамсоя мебошад.Тарҷумон — Қудратов А.  

Февраль 9, 2009 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад