КӮМАКИ САФОРАТИ ҶОПОН БА БЕМОРХОНАИ ВКД
Душанбе, 17 феврал. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Имрӯз Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ба беморхонаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти табобатӣ дар ҳаҷми 80 ҳазору 500 доллари ИМА тақдим намуд. Раёсати тиббии ВКД яке аз шифохонаҳои Душанбе ба ҳисоб рафта, дар як моҳ беш аз 3000 беморонро ҳам аз Душанбе ва ҳам аз минтакаҳои дурдасти кишвар кабул карда метавонад. Барои беҳтар намудани хизмати тиббӣ ба беморон аз тарафи Ҳукумати Ҷопон барои Раёсати тиббии ВКД 14 намуди таҷҳизоти гуногун аз қабили офталмоскоп, УЗИ, электроенцефалограф, системаи М-ЭХО, дастгоҳи дандонпизишкӣ, аппарати Рентген, гастроскоп ва бронхоскоп тӯҳфа карда шуд. Тибқи суханони сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Ёшихиро Накаяма, ин таҷҳизотро духтурон ва коргарони тиб барои расондани хизмати замонавии тиббӣ ба беморон истифода хоханд бурд. Пеш аз амалӣ гардонидани лоиҳаи мазкур Раёсати тиббӣ бо таҷҳизоти кӯҳна ва камсифат муҷаҳҳаз буд. Лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ асосан ба хокимиятҳои маҳаллӣ, корхонаҳои ғайри¬давлатӣ, донишкадаҳои маорифу тандурустӣ дар мамлакатҳои рӯ ба таррақӣ нигаронида шудааст. Ҳукумати Ҷопон аз соли 1996 инҷониб дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои иҷтимоии ҳаҷман хурд 215 лоиҳаи кӯмакҳои башариро роҷеъ ба рушд ба маблағи умумии 13 миллиону 689 ҳазору 128 доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






