КИШТИ ТАКРОРӢ САМАРАИ ХУБ ДОД

Февраль 3, 2009 13:38

                    Душанбе, 3 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо мақсади истифодаи самараноки заминҳои обёришаванда ва таъмини амнияти озуқавории кишвар тобистон ва тирамоҳи соли 2008 баъд аз ҷамъоварии ҳосили ғалладона ва кишти барвақтӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ дар масоҳати 115 ҳазору 718 гектар кишти такрорӣ гузаронида шуд.                   Мувофиқи маълумоти оморӣ, аз кишти такрорӣ то 1-уми январи соли 2009 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ (фермерӣ) 37 ҳазору 506 тонна ғалла, 4 ҳазору 390 тонна картошка, 44 ҳазору 32 тонна сабзавот ва 9509 тонна полезӣ истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 176 фоиз зиёд ғалла, 3 маротиба зиёд картошка, 158 фоиз зиёд сабзавот ва 6,2 маротиба зиёд полезӣ ба даст оварда шуд.                  Танҳо аз ҳисоби кишти такрорӣ 7477 тонна шолӣ ва 19 ҳазору 824 тонна ҷуворимакка ба даст оварда шудааст.

Февраль 3, 2009 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад