КОНСЕРТ БАХШИДА БА ДӮСТИИ ТОҶИКИСТОНУ ҶОПОН

Февраль 19, 2009 10:29

                    Душанбе, 19 феврал. АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Ҳунарпешагони Муассисаи давлатии консертии «Базморо» — и вазорати фарҳанги Тоҷикистон моҳи май дар шаҳри Осака дар консерти бахшида ба муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Ҷопон ширкат меварзанд. Директори генералии муассиса Олим Акрамов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки барномаи консерт асарҳои классикии оҳангсозони тоҷик, асарҳои оҳангсозони мамлакатҳои хориҷӣ ва асарҳои мусиқии барои скрипка, фортепиано ва дастаҳои симфонӣ таълифшударо дар бар мегирад.                   Ҳунарпешагони муассиса то сафар ба Ҷопон дар рӯзҳои иди баҳорӣ таҳти роҳбарии сардирижёр Далер Тиллоев дар пойтахт ва ноҳияҳои атрофи он якчанд консерт намоиш медиҳанд. Дар ин консертҳо ҳунарпешагони дастаҳои мардумии Бухоро низ ширкат хоҳанд варзид. Баъдан ҳунарпешагони муассиса ба баъзе шаҳру вилоятҳои Ӯзбекистон сафари эҷодӣ хоҳанд кард. Ғайр аз ин сафари гурӯҳи раққосони муассиса ба Туркманистон пешбинӣ карда мешавад.                    Ҳунарпешагони муассиса моҳи январ дар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон ҳунарнамоӣ карданд, гуфт дар хотима Олим Акрамов.  

Февраль 19, 2009 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад