КУШТОРИ НОБОЛИҒ АЗ БЕЭҲТИЁТӢ
Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар» Жасмин Назарова). Тавре аз Прокуратураи генералии ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, моҳи августи соли 2008 шаҳрванд, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Қулдимони ноҳияи Панҷ, Н. Ҷамиев бо милтиқи шикорӣ ва тури моҳигирӣ ба наздикии қисми низомии № 2610 дар мавзеи Файзободқалъаи ноҳияи мазкур омада якҷо бо афсарони ин қисми ҳарбӣ барои шикори ҳайвонҳои ваҳшӣ меравад ва аз беэҳтиётӣ дар торикии шаб ноболиғ Б. Алимардонов, соли таваллудаш 1992 — ро, парронда ба ҳалокат мерасонад. Оиди ин ҳодиса аз тарафи прокурори ноҳия нисбати Н. Ҷамиев парвандаи ҷиноятӣ кушода, аз тарафи муфаттиши ин прокуратура С. Ҳусейнов тафтишоти пешакӣ бурда шудааст. Моҳи декабри соли 2008 баъди ба охир расонидани тафтишоти пешакӣ, парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба суд ирсол гашт. Айни замон дар баррасӣ қарор дошта, аз натиҷааш ба таври илова хабар дода хоҳад шуд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






