М. ИЛОЛОВ ДАР МАҶЛИСИ ШӮРОИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ИЛМӢ ШИРКАТ ВАРЗИД
Душанбе, 24 феврал. АМИТ «Ховар», Олег Соболев). — Раиси Академияи илмҳои Тоҷикистон Мамадшо Илолов чанд рӯз пеш аз шаҳри Триестаи Италия баргашт. Вай дар ин ҷо дар маҷлиси Шӯрои байналхалқии ҳамкории академияҳои илмӣ ширкат варзид. Шӯрои мазкур айни ҳол 125 академияи илмҳо ва марказҳои дигари илмии 75 мамлакати ҷаҳонро муттаҳид менамояд. Дар маҷлис масъалаи интихоби аъзоёни нави Шӯрои байналхалқӣ, инчунин нақши муассисаҳои илмӣ дар такмили фаъолияти сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ баррасӣ карда шуд. Академик М.Илолов зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» дар бораи таассуроти сафараш нақл карда, зикр намуд, ки академияҳои илмӣ муассисаҳои анъанавии илмӣ буда, дар саросари ҷаҳон манбаи дастовардҳои олии илмӣ шуморида мешаванд. Онҳо мавзӯъҳои навтарини илмиро таҳқиқ намуда, барои истифодаи онҳо дар истеҳсолот тавсияҳо пешниҳод мекунанд. Айни ҳол ба ин нақши академияҳои илмӣ аз нуқтаи назари замони ҳозира баҳо додан лозим аст. Мо бояд аъзои нави академияҳои илмиро интихоб намуда, таваҷҷӯҳи ҷомеаро ба илм ҷалб карда, ҷавонони боистеъдоди ба фаъолияти илмӣ сафарбар кунем. Дар маҷлис масъалаҳои ҷустуҷӯ кардан ва ёфтани роҳу воситаҳои самарабахши амалӣ сохтани дастовардҳои илмӣ ва беҳтар сохтани ҳамкорӣва муносибати муассисаҳои илмиро бо вазорату идораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар шароити мураккаби имрӯза ва бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ нақши академияҳои илмӣ дар идораи иқтисодиёт, молия ва мавриди истифода қарор додани технологияҳои нисбатан мукаммал барои ҳалли проблемаҳои мавҷуда аҳамияти бузург дорад, гуфт М.Илолов. Тарҷумон — Қудратов А








Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ






