МАБЛАҒҲОРО САРФАКОРОНА БОЯД ИСТИФОДА КАРД

Февраль 3, 2009 13:44

                   Душанбе, 3 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар давоми соли 2008 — ум аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ 59,5 миллион сомонӣ, аз ҳисоби Фонди хароҷоти пешбинишудаи Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон барои таъмиру барқарор намудани иншооти аз офатҳои табиӣ зарардидаи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ 20 миллион сомонӣ ва аз дигар манбаҳои захиравии молиявӣ барои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар иншооти муҳими давлатӣ 87 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ ҷудо карда шуда, пурра маблағгузорӣ карда шуд. Барои рушди соҳаи иҷтимоӣ махсусан, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоиии аҳолӣ, фарҳанг ва хоҷагии манзилии коммуналӣ аз буҷет 1,9 миллиард сомонӣ равона карда шуд.                    Аз рӯи иттилои Вазорати молияи ҷумҳурӣ, дар соли сипаригардида барои бехатарии озуқаворӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ 320 миллион сомонӣ равона карда шуд. Дар баробари ин, аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои дастгирии системаи бонкӣ ва рушди соҳаи пахтакорӣ 140 миллион сомонӣ ҷудо гардида, пурра маблағгузорӣ карда шуд, ки аз ин маблағҳо то имрӯз 30,2 миллион сомонӣ ба буҷет баргардонида шуд.

Февраль 3, 2009 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад