«МАГНАТҲО» ВАЗЪИ БӮҲРОНИРО МУШКИЛТАР МЕСОЗАНД

Февраль 16, 2009 13:01

                  Душанбе, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сухангӯи Вазорати иқтисод ва савдо Ғафурҷони Искодарӣ, 37 фоизи бензин ва дигар намудҳои сӯзишвориро яке аз ширкатҳои калонтарини русии «Зарубежнефт» таъмин мекунад. Ширкатҳои «Нури Дилшод» ва «Газпром»-и Тоҷикистон бошанд , танҳо дар ҳаҷми 10 фоиз аз хориҷи кишвар маводи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданиро ворид карда метавонанд. Умуман дар ҷумҳурӣ 40 ширкати тиҷоратӣ ба воридоти бензин машғуланд.                 -Дар ҷумҳурӣ ғайр аз ширкатҳои дар боло номбаршуда боз 6 «магнат» (сармоядори калон)-е вуҷуд дорад, ки беш аз 51 фоизи сӯзишвориро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид месозанд ва танзимкунандаи нархи сӯзишворӣ дар дохили кишвар мебошанд,- мегӯяд иқтисодшинос Ҳоҷимуҳаммад Умаров. Маҳз ҳамин магнатҳо созиши олигополиро ташкил дода, нархро бо хости худашон танзим мекунанд ва вазъи бӯҳрони молиявиро дар ҷумҳурӣ буғранҷтар мегардонанд.

Февраль 16, 2009 13:01

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд