МАКТАБҲОИ НАВ ДАР ДУШАНБЕ ВА ВОСЕЪ
Душанбе, 3 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Соли ҷорӣ дар доираи татбиқи Лоиҳаи ислоҳот ва таҷдиди соҳаи маориф дар шҳри Душанбе ва ноҳияи Восеъ ду макатаби нави замонавӣ сохта мешаванд. Аз Маркази идоракунии лоиҳаҳо дар соҳаи маориф ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот баҳори соли ҷорӣ оғоз гардида, дар пойтахт бунёди мактаб барои 330 нафар ва дар ноҳияи Восеъ барои 175 нафар хонанда ба нақша гирифта шудааст. Маврид ба ёдоварист, ки дар доираи татбиқи Лоиҳаи ислоҳот ва таҷдиди соҳаи маориф 143 иншоот бунёд ва барқарор карда шудааст. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ва Ҳукумати ҷумҳурӣ маблағгузорӣ шуда, ба рушди соҳаи маориф равона гардидааст.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






