МАЛИКШО НЕЪМАТОВ ПРЕЗИДЕНТ ИНТИХОБ ШУД
Душанбе, 3 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов президенти Федератсияи таэквондои намуди ВТФ интихоб шуд. Дар Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки 2 феврал дар шаҳри Душанбе ҷаласи интихоботиву ҳисоботии Федератсияи таэквондо баргузор гардид, ки дар он тариқи овоздиҳӣ Маликшо Неъматов президенти Федератсияи таэквондо (ВТФ) интихоб шуд. Аз рӯи барномаи кории Маликшо Неъматов, мақсади асосӣ ин омавӣ намудани ин варзиш дар кишвар ва сафарбар кардани варзишгарон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ аст.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






