МАРДИ САХӢ
Рашт, 28 феврал. ( АМИТ «Ховар», М. Ризвонов). — Дар ноҳияи Рашт сафи ҷавонмардони саховатманд пайваста меафзояд. Яке аз онҳо Мирзомуддин Давлатов сокини деҳаи Навдонак буда, ҳамагон ӯро бо изҳори сипос ном мегиранд. М. Давлатов ба 21 оилаи бепарастор ба маблағи 50 сомонӣ, ба 57 нафар омӯзгорони ҳудуди деҳот як халтагӣ орд ва барои талабагони деҳа ба маблағи 350 сомонӣ ашёи хониш кӯмак расонд. Номбурда ният дорад, ки дар арафаи иди Наврӯз ба 13 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ба талабагони мактаб-интернати шаҳраки Навобод кӯмаки моддӣ расонад.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






