МАРКАЗИ ИЛМИИ САРАТОНШИНОСӢ «РУЗҲОИ ДАРҲОИ КУШОДА» ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Февраль 5, 2009 09:32

               Душанбе, 5 феврал. (АМИТ "Ховар", Ибодат Давлатова). — Маркази илмии саратоншиносии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар моҳи шанбеи дуюм дар дармонгоҳи Марказ «Рӯзҳои дарҳои кушода» барои ниёзмандонро эълон менамояд.               Муоина ва машварат аз тарафи мутахассисони Марказ ройгон буда, мақсад дарёфти бармаҳали омосҳои хушсифат ва бадсифат ва табобати онҳо мебошад.              Аз рӯйи нишондоди омор дар тамоми ҷаҳон ва инчунин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 60% аҳолӣ ба беморхонаҳо бо бемории саратони дараҷаи паҳншуда (III-IV) муроҷиат мекунанд.              Тавре ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, соли 2008 дар Марказ ду лабораторияи нав — лабораторияи иммунологӣ барои муайянкардани маркерҳои омос (АФП, ХГЧ, Са125, ПСА ва ғайраҳо) ва лабораторияи иммуногистохимиёвӣ бо дастгири ва ҳамкори бо фирмаи фармацевтии «Лярош» Швецария, ба кор шурӯъ намуд.              Барои ташхиси имуногистохимиёвӣ микроскопи фирмаи Карл Цейс ва реактивҳо дастрас карда шуданд. Ин намуд таҷҳизот шароити дар сатҳи баланд гузаронидани ташхиси гистологии омоси бадсифатро муҳайё мекунад.             Соли ҷорӣ дар Марказ якчанд намудҳои нави муолиҷа дар амалия ворид карда шуданд, ба монанди табобати қимиёвии бемории саратон бо дорувориҳои ҳозиразамон Гемзар, Кселода, Мабтера, Авастин, методикаи нави пешгирии аворизҳои баъди табобати қимиёвӣ ба монанди қайкунӣ ва дилбеҳузурӣ.

Февраль 5, 2009 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд