МАВСИМИ НАВБАТИИ ТЕАТР КУШОДА МЕШАВАД
Душанбе, 9 феврал. АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Тибқи нақша, тармими куллии бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бояд дераш то 18 март анҷом дода шавад, Бояд гуфт, ки тармими бинои театр 4 сол боз давом дорад. Мувофиқи қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ, 21 март дар бинои театри мазкур мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо зиёиёни ҷумҳурӣ баргузор мегардад. Маъмурияти театр низ ба мулоқоти Президент ва кушодани мавсими нав ҳамаҷониба тайёрӣ мебинад. Директори театр Холмаҳмад Маҷидов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки 1 март дар театр машқи асари саҳнавии операвии «Рӯдакӣ» оғоз хоҳад ёфт. То 1 март саҳнаи театр бояд пурра тармим карда шавад, гуфт вай. Ба қавли директори театр ҳайати оркестр, гурӯҳҳои хорсароён ва овозхонони якка муқаррар карда шудаанд ва баробари анҷоми тармими театр ба кор шурӯъ менамоянд. Қайд карда шуд, ки театр бо мебел ва таҷҳизоти техникии аз Аморатҳои Муттаҳидаи Араб овардашуда муҷаҳҳаз гардонда шуд. Дар оғози мавсими нав сайти интернетии театр кушода мешавад, ки дар бораи таърихи гузашта, имрӯза ва нақшаҳои ояндаи он нақл мекунад, гуфт Х.Маҷидов. Тарҷумон — Қудратов А.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






